Ҳалокати 1 нафар ва захмӣ шудани 2 тан аз гулӯлаи нотаркида дар ноҳияи Шоҳин

Дар ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон аз таркиши гулӯлаи мошини ҷангии хушкигард (БМП) 1 нафар ҳалок ва 2 тани дигар захмӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фвақулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, се нафар сокинони деҳаи Зулмободи ҷамоати Шӯроободи ноҳияи мазкур ҳангоми чаронидани чорво гӯлулаи нотаркида аз мошини […]

Аваз Юлдошев



Дар ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон аз таркиши гулӯлаи мошини ҷангии хушкигард (БМП) 1 нафар ҳалок ва 2 тани дигар захмӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фвақулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, се нафар сокинони деҳаи Зулмободи ҷамоати Шӯроободи ноҳияи мазкур ҳангоми чаронидани чорво гӯлулаи нотаркида аз мошини ҷангии хушкигардро дарёфт карда, ба сӯи он сангпартоӣ кардаанд.

«Дар натиҷа гулӯла таркида, бар асари он Самихон Шарифови 28-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва Саъдӣ Сафараҳмади 26-сола ва Маъруфи Саидаҳмади 15-сола захмӣ шудаанд. Навраси 15-сола аз як дасту як чашмаш маҳрум шудааст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ба андешаи сокинони маҳаллӣ, ин гулӯла аз соли гузашта пас аз хурӯҷи полки пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз Кӯлоб боқӣ мондааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.