Медалҳои толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи Қазон

Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни информатика дар шаҳри Қазони Русия толибилмони Тоҷикистон 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Хонандаи синфи 10-уми Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Фарҳод Ҳакимиён ба гирифтанди медали нуқра ва хонандаи синфи 11-уми Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.» Нодир Даминов ба гирифтани медали биринҷии Олимпиада шарафёб гардиданд. Дастаи […]

Asia--Plus



Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни информатика дар шаҳри Қазони Русия толибилмони Тоҷикистон 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Хонандаи синфи 10-уми Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Фарҳод Ҳакимиён ба гирифтанди медали нуқра ва хонандаи синфи 11-уми Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.» Нодир Даминов ба гирифтани медали биринҷии Олимпиада шарафёб гардиданд.

Дастаи Тоҷикистонро ҳамчунин хонандаи синфи 10-уми Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.» Фаррух Каримов ва хонандаи синфи 10-уми Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Нозимҷон Сафаров низ намояндагӣ кардаанд, ки «бо имтиёзҳои гирифтаи худ ба дастоварди дастаи Тоҷикистон саҳми босазо гузоштанд».

Бо дарёфти 860 имтиёз Тоҷикистон қариб аз нисфи дастаҳои иштирокчии Олимпиада (88 даст) пеш гузашт. Ба гунаи мисол кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон – Қирғизистон – 686 имтиёз, Туркманистон – 337 имтиёз ва Ӯзбекистон – 276 имтиёз ба даст овардаанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.