СИҶ: Ҳамаи овозаҳо оид ба шиканҷа нисбати Маҳмадалии Ҳайит беасос аст

Сарраёсати иҷрои ҷазо (СИҶ)-и Вазорати адлияи Тоҷикистон маълумот доир ба гӯё мавриди шиканҷа қарор гирифтани муовини раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Маҳмадалии Ҳайит дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-ро рад кард. Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамаи ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. «Ман ҳайронам, […]

Мавзуна Абдуллоева



Сарраёсати иҷрои ҷазо (СИҶ)-и Вазорати адлияи Тоҷикистон маълумот доир ба гӯё мавриди шиканҷа қарор гирифтани муовини раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Маҳмадалии Ҳайит дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-ро рад кард.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамаи ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. «Ман ҳайронам, ки аз куҷо шумо ин овозаҳоро мегиред? Маҳмадалии Ҳайит оид ба вазъи солимиаш ҳеҷ мушкилие надорад, ӯ мавриди шиканҷа қарор нагирифтааст ва агар наздикону пайвандони ӯ расман дар ин хусус муроҷиат намоянд, мо ин овозаҳоро тафтиш мекунем», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари М.Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки ӯ ҳам аз ВАО дар ин бора огаҳӣ пайдо намуда, бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба он ба СИҶ муроҷиат кардааст. «Аммо ба ман гуфтанд, ки барои вохӯрӣ бо ҳамсарам иҷозати Суди олии ҷумҳурӣ лозим аст ва айни замон ман дар Суди олӣ қарор дошта, посухи онҳоро интизорам», – гуфт тариқи телефон Савринисо.

Қобили зикр аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанде аз ВАО дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани М.Ҳайит ва бад шудании вазъи сиҳатии ӯ маълумот интишор шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки

аввали моҳи июни соли равон

Суди олии Тоҷикистон муовинони раиси Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад  ва 11 нафар боқимонда аъзои онро ба 14 то 28 соли зиндон маҳкум кард. Ягона зан миёни судшавандагон – ҳуқуқшиноси ҳизб Зарафо Раҳмонӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.