Оғози омодагиҳо ба қабули зойирини тоҷик дар Арабистони Саудӣ

Гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии сардори шуъбаи муносибатҳои байнулмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов ба шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ раҳсипор шуд. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» , ҳадафи сафари гурӯҳи мазкур, ки кормандони масъули Кумита, табибон, ошпазон ва чанде роҳбаладон […]

АМИТ «Ховар»



Гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии сардори шуъбаи муносибатҳои байнулмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов ба шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ раҳсипор шуд.

Бино ба маълумоти

АМИТ «Ховар»

, ҳадафи сафари гурӯҳи мазкур, ки кормандони масъули Кумита, табибон, ошпазон ва чанде роҳбаладон ба он шомиланд, иҷрои корҳои омодагӣ вобаста ба истиқбол ва ҷобаҷогузории ҳоҷиёни Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, айни замон меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара барои қабули ҳоҷиён омода гардидаанд ва дар назар аст, ки шуруъ аз 21-уми август гурӯҳҳои нахустини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара сафарбар гарданд.

Зимнан зикр мегардад, ки 24-уми август сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама оғоз меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.