Талбаков: Таъсиси ГКЧП ба тарҳи Горбачёв ҷиҳати заволи Иттиҳоди Шӯравӣ суръат бахшид

– Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулода (ГКЧП)-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ки расо 25 сол пеш таъсис дода шуда буд, моҷарои охирини хоини давлати ҳифзи иҷтимоиаш пуриқтидортарин, он замон президенти ИҶШС Михал Горбачёв буд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, моҳи августи соли 1991 котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Совети […]

Аваз Юлдошев



– Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулода (ГКЧП)-и Иттиҳоди Шӯравӣ, ки расо 25 сол пеш таъсис дода шуда буд, моҷарои охирини хоини давлати ҳифзи иҷтимоиаш пуриқтидортарин, он замон президенти ИҶШС Михал Горбачёв буд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, моҳи августи соли 1991 котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳияи Совети Кумитаи марказии ҲК Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, ГКЧП бо ниятҳои нек – ҳифзи сохти конститутсионӣ, боздошти пошхӯрии кишвари бузург таъсис дода шуда, вале дар тасмимгириҳоми қотеъонаи созмондиҳандагони он боз ҳам Горбачёв халал расонид.

«Имрӯз комилан маълум аст, ки дар кӯшиши аввали тасмимгириҳои қотеъона аз ҷониби ГКЧП, ракиби асосии Горбачёв – Борис Елтсин омода буд, ки дар сафоратхонаи ИМА дар Маскав паноҳ барад», – қайд кард Талбаков.

Номбурда мутмаин аст, ки таъсиси ГКЧП ба тарҳи Горбачёв ҷиҳати заволи Иттиҳоди Шӯравӣ суръат бахшид ва ин ҳодисаро «метавон фоҷеиа бузургтарини асри гузашта номид», ки ба хоҳиш надоштани ӯ оид ба имзои Шартномаи Иттиҳод мусоидат кард.

«Тамоми мусибатҳои ногувори то имрӯз лар паҳнои пасошӯравӣ идомадошта, аз қабили даргириҳои шаҳрвандӣ, рукуди иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ, бекорӣ, афзоиши ҷинояткорӣ ва зуҳури хоҷагони нави ҳаёт, ҳамааш оқибатҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аст», – чунин мешуморад Талбаков.

Раиси ҲКТ аз эҳтимол дур намедонад, ки низоми ҳокимият ва фаъолияти Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба ислоҳот ниёз доштанд, ки онро Чин бидуни саросемагӣ миёнаҳои асри гузашта дар кишвари худаш роҳандозӣ намуд. «Вале аксарияти кулли он замон мансабдорони Ҳизби коммунист дар Кремл пеш аз ҳама дар фикри худ буда, мардуми ба онҳо бовардоштаро фаромӯш карда буданд», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.