Панҷ соли зиндон ба сокини Бохтар барои нияти узвият ба Давлати исломӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Ҳусейн Раҳмоновро барои нияти узвият ба созмони террористии «Давлати исломӣ» ва радиои «ZELLO» (Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ) мутобиқи моддаи 307, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба «Азия-Плюс»» аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар доданд, ӯ аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Ҳусейн Раҳмоновро барои нияти узвият ба созмони террористии «Давлати исломӣ» ва радиои «ZELLO» (Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ) мутобиқи моддаи 307, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс»» аз додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар доданд, ӯ аз Русия бо кумаки Алиҷон тариқи телефон бо маводи интернетии гурӯҳи Давлати исломӣ шинос ва барномаи радиои «ZELLO» (Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ)-ро сабт намуда, дар он саҳифаи худро бо номи «Usmon.55.» боз мекунад. «Сипас бо дигар аъзои ин созмони террористӣ низ аз наздик шинос шуда, ба даъвати онҳо ҷиҳати сафар ба Сурия ва мубориза зидди кофирон розӣ мешавад», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, моҳи январи соли 2016 бо мақсади сафар ба Сурия ӯ тавассути шабакаи интернетӣ барномаи «Telegram»-ро дар телефони худ сабт ва бо узви созмони Давлати исломӣ бо номи «Шаҳома» дар Афғонистон тамос гирифта, аз ӯ роҳу воситаҳои сафар ба Сурия ва пайвастан ба ин созмонро мепурсад. «Шаҳома» дар ҷавоб ба ӯ мегӯяд, ки раводид гирифта, ба ҶИА биёяд ва дар ин ҷо таълимоти динию низомӣ гирифта, баъдан ба Тоҷикистон омада, бар зидди давлати «тоғутиҳо» мубориза барад», – гуфт манбаъ.

«Сипас ҳамин моҳ ӯ аз Русия ба Тоҷикистон баргашта, аз худуди ноҳияи Бохтар бо «Шаҳома» бо тахаллусҳои «Усмон», «Абӯ Асмоа» ва «Абӯ Усмон» ба алоқа баромада, роҳкиро пурсон мешавад, вале онҳо посух медиҳанд, ки айни замон хазина надошта, аз ҷиҳати моддӣ кӯмак карда наметавонанд ва ба ӯ оид ба дар дохил ва гирду атрофи масҷидҳо мавҷуд будани камераҳои сабткунанда, гӯш кардани мавъизаҳои имомхатибони масҷидҳо нисбати Давлати исломӣ дастур медиҳанд», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ӯ барои иҷрои супоришҳои «Шаҳома» бо ёрии бародараш Раҳмонов Абдулмаҷид ва ҷиянаш Раҳмонов Фаридун масҷидҳои кӯчаҳои Ломоносов, маҳаллаи 14-ум ва масҷиди назди бозори шаҳри Қӯрғонтеппаро аз назар гузаронида, дар ин хусус тавассути барномаи «Telegram» ба «Шаҳома» маълумот додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.