Кумаки моддии шаҳрдории пойтахт дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои ниёзманди шаҳр бо кӯмаки молиявӣ  сарфароз гардонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт кумаки якдафъаина ба 4 ҳазору 887 нафар сокинони пойтахт расонида шуда, бо ин мақсад аз буҷети шаҳр 4 млн. 524 ҳазору 800 […]

Аваз Юлдошев



Ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои ниёзманди шаҳр бо кӯмаки молиявӣ  сарфароз гардонид.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт кумаки якдафъаина ба 4 ҳазору 887 нафар сокинони пойтахт расонида шуда, бо ин мақсад аз буҷети шаҳр 4 млн. 524 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, 73 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,1 нафар ҳамсари ҷанговари дар ин ҷанг ҳалокгардида ва 3 ҳазору 967 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ҳар кадоме ба андозаи 1 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.

Ба 1 нафари дар муҳосираи шаҳри Ленинград қарордошта ба маблағи 800 сомонӣ, ба 200 нафар коргарони ақибгоҳ, ки бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои ҶБВ қадронӣ шудаанд, 115 нафар маъюбони ҷанг дар Афғонистон, 172 нафар иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил ва 318 нафар кормандони сохторҳои кабудизоркунӣ ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 600 сомонӣ кумаки якдафъаина ҷудо мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки кумаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти раиси шаҳр аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои пойтахт то 30 августи  соли 2016 дар расми тантанавӣ ба категорияҳои зикргардида тақдим карда мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.