Таҳсил дар ИМА бо барномаи FLEX танҳо баъди хатми мактаб

Барномаи FLEX барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон танҳо баъди хатми синфи 11 дастрас буда метавонад. Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрии вазири маориф Нуриддин Саид бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард чунин тавофуқ ҳосил шудааст. Ба гуфтаи ӯ, зарурати чунин […]

Asia--Plus



Барномаи FLEX барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон танҳо баъди хатми синфи 11 дастрас буда метавонад.

Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Хушвахтов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрии вазири маориф Нуриддин Саид бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард чунин тавофуқ ҳосил шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, зарурати чунин тасмимгирӣ ба он рабт дорад, ки барномаи таҳсили толибилмони ИМА ба барномаи таҳсил дар Тоҷикистон мутобиқ нест.

«Толибилмон баъди бозгашт аз ИМА дар ҳамон синфе, ки аз он тибқи барнома ба ИМА рафта буданд, таҳсил карданианд. Масалан, баъди хатми синфи 8 ба ИМА рафта, баъди он дар Тоҷикистон дар синфи 10 таҳсил кардан мехоҳанд, зеро синфи 9-ро дар он ҷо хондаанд. Аз ин рӯ, мунтазам миёни мактаб ва толибилмон баҳсҳо рӯйи кор меомаданд», – иброз дошт сухангӯи Вазорат ва зикр кард, ки акнун қабули қарор ба баҳсҳо дар ин масъала хотима мебахшад.

Барномаи FLEX (Future Leaders Exchange) барномаи ғайритиҷоратии амрикоӣ барои табодули толибилмони синфҳои болоӣ мебошад, ки ба мактабиёни болаёқати тоҷик тариқи ройгон имкони зиндагиву таҳсил барои як сол дар Иёлоти Муттаҳидаро фароҳам мекард. ​

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.