Зилзилашиносони ОМ бехатарии сохтмони НБО дар кӯҳистонро эътироф намуданд

Пайрав Чоршанбиев



Дар Конфронси байнулмилалии илмию амалии «Бехатарии сейсмикии Осиёи Марказӣ», ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар Тоҷикистон доир гардид, изҳор шуд, ки сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) дар манотиқи кӯҳистон хатар надорад.

«Бо назардошти натоиҷи таҳқиқоти илмӣ ба маълумоти шахсони тасмимгиранда ва аҳолии минтақа расонида мешавад, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва мавриди истифода қарор додани онҳо хатар эҷод намекунад», – қайд мешавад дар баёнияи аз ҷониби иштиркдорони конфронс қабулшуда.

Ба созмону ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, корхонаҳои бахши сохтмон ва дигар ташкилоту корхонаҳои дар ин самт фаъолиятдошта тавсия дода шудааст, ки аз натиҷаҳои таҳқиқоти пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар амал истифода кунанд.

Дар баёния даъват мешавад, ки ба муттаҳид кардани талошҳои олимону мутахассисон оид ба табодули маълумоти сейсмикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин бо марказҳои байнулмилалӣ ҷиҳати коҳиши хавфу хатарҳо аз заминларазаҳои маҳаллӣ ва фаромарзӣ, таъсиси маркази минтақавии гирдоварӣ, ҳифз ва табодули маълумоти сейсмикӣ мусоидат карда шавад.

Олимони минтақаи Осиёи Марказӣ бар ин назаранд, ки амалисозии тадбирҳои тавсияшуда ба таври қобили мулоҳиза ба коҳиши ҳаҷми зиён ва талафот дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулода имкон медиҳад.

Ғайр аз ин, аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байнулмилалӣ дархост шудааст, ки лоиҳа ва барномаҳо дар самти таҷдиди шабакаҳои амалкунандаи зилзиласанҷӣ ва коҳиши хавфу хатарҳои онро дастгирӣ намуда, зарурати роҳандозии таҳқиқоти минбаъда дар ин самтро муҳим донанад ва дастгирӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар ин конфронси Душанбе олимону коршиносони соҳаи зилзиласанҷӣ аз 16 кишвари саросари ҷаҳон, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ – СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Дафтари ҳамкории Швейтсария ва дигарон иштирок доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...