Эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон

Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон имрӯз, 29 август ба хотири фавти 14 нафар шаҳрванди кишвар дар сӯхтори яке аз чопхонаҳои шаҳри Маскав мотами миллӣ эълон шудааст. Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонидааст. Тавре Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, дар қарор гуфта шудааст, ки дар тамоми намояндагиҳои расмии ин кишвар дар хориҷа […]

Asia--Plus



Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон имрӯз, 29 август ба хотири фавти 14 нафар шаҳрванди кишвар дар сӯхтори яке аз чопхонаҳои шаҳри Маскав мотами миллӣ эълон шудааст. Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар ин хусус қарори дахлдор ба имзо расонидааст.

Тавре

Радиои Озодӣ

иттилоъ медиҳад, дар қарор гуфта шудааст, ки дар тамоми намояндагиҳои расмии ин кишвар дар хориҷа низ парчами Қирғизистон поин оварда шуда, мақомоти расмии Қирғизистон муваззаф шудаанд, ки ба хонаводаи қурбониён кумак кунанд.

Алмазбек Атамбоев гуфтааст, ҳалокати 14 муҳоҷири қирғиз дар Русия замоне иттифоқ афтод, ки дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Бишек-Ӯш низ 9 нафар ҷон бохта ва ин андӯҳро барои мардуми кишвар гаронтар кардаанд.

Ёдрас мешавад, ки рӯзи 27-уми август дар анбори чопхонае дар Маскав сӯхтор сар зад ва дар пайи он 17 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ҷон бохтанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса духтарони аз 18 то 26-сола ҳастанд. Чаҳор шаҳрванди дигари ин кишвар ба бемористон интиқол дода шудаанд ва вазъи онҳо низ вахим будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.