Ислом Каримов дар бемористон бистарӣ аст

Нимаи дуюми рӯзи 28 август ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ба бемористон бистарӣ шудани президенти ин кишвар Ислом Каримов барои муолиҷа хабарӣ расмӣ пахш намуд. Ин маълумотро хабаргузории Uza.uz интишор намуда, вале баъди чанде ин хабар дигар дар сомонаи агентӣ кушода намешуд. Қаблан ин маълумотро бо истинод ба Uza.uz хабаргузории дигари ӯзбекистонӣ  «Газета. уз» нашр кард. […]

Asia--Plus



Нимаи дуюми рӯзи 28 август ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ба бемористон бистарӣ шудани президенти ин кишвар Ислом Каримов барои муолиҷа хабарӣ расмӣ пахш намуд.

Ин маълумотро хабаргузории Uza.uz интишор намуда, вале баъди чанде ин хабар дигар дар сомонаи агентӣ кушода намешуд. Қаблан ин маълумотро бо истинод ба Uza.uz хабаргузории дигари ӯзбекистонӣ  «Газета. уз» нашр кард. Дар он гуфта мешуд, ки: «Ба андешаи мутахассисон, барои ташхиси пурраи тиббӣ ва муолиҷаи минбаъда давраи муайяне зарур аст». Суроғаи ин хабарро хабаргузории мустақили «Фергана» тақрибан соати 17:00  ба вақти Маскав нашр намуд.

Аммо баъдан дар сомонаи «Газета.уз» маълумот кӯтоҳтар ва дубора таҳрир шуд: «Ба андешаи мутахассисон, муоинаи пурраи тиббӣ зарур аст».

Дар ҳамин ҳол, тавре «Фергана» бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад, Ислом Каримов рӯзи шанбе гӯё бемории сактаи майнаи сар (инсулт)-ро аз сар гузаронидааст. «Охири рӯзи шанбе манбаъҳои «Фергана» дар Тошканд иттилоъ додаанд, ки Ислом Каримови гирифтор ба бемориҳои сершумори кӯҳна гӯё бемории сактаи майнаи сарро аз гузаронидааст. Сатҳи вазнинии сакта маълум набуда, танҳо маълумотҳое мавҷуд аст, ки табибони маъруфи қаблан огоҳ аз бемории президенти кишвари ҳамсоя ва ӯро муолиҷакарда аз хориҷа ба Тошканд омадаанд».

Қобили зикр аст, ки санаи 1 сентябр дар Ӯзбекистон 25-умин солгарди Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад. Маъмулан ҷашнҳои асосии кишвари ҳамсоя бо ҳузури сарвари давлати Ӯзбекистон доир мегардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.