Осеби офати табиӣ ба ноҳияи Тоҷикобод

Аз куҳсанги деҳаи Себистони ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 28 август як бахши азими пирях канда шуда, ба сели бузурге табдил ёфт ва самти ҳаракати рӯдхонаи Шӯракро бастааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, бар асари он сатҳи оби дарё боло шуд ва пули байни деҳаҳои Фатҳобод ва Шӯробро вайрон […]

Asia-Plus

Аз куҳсанги деҳаи Себистони ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 28 август як бахши азими пирях канда шуда, ба сели бузурге табдил ёфт ва самти ҳаракати рӯдхонаи Шӯракро бастааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, бар асари он сатҳи оби дарё боло шуд ва пули байни деҳаҳои Фатҳобод ва Шӯробро вайрон карда, 10 хонаи истиқоматиро хароб ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва системаҳои коммуникатсионии рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод осеб расонид.

Гуфта мешавад, бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, Ситоди фаврӣ таъсис дода шуда, ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода, муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, генерал-майор Рустами Шоҳиён ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Воҳидҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон хонаҳои истиқоматӣ аз хасрӯбаву лойоба тоза карда мешаванд, постгоҳҳои назоратӣ гузошта шуда, нуқтаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ташкил карда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.