Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи иншооти нав дар пойтахт

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, бо сокинон суҳбату мулоқоти судманд доир кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор […]

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, бо сокинон суҳбату мулоқоти судманд доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Гуфта мешавад, барои бунёди иншооти мазкур 50 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бинои таълимӣ аз 3 иморати 5 ошёна иборат мебошад ва барои 1072 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Сипас президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе иштирок кард. Тибқи супориши Ҳукумати мамлакат бунёди он дар ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бузурги чинии «ТВЕА» барои 2500 ҷойи нишаст ба анҷом расонида шудааст.

Зимни суханронӣ дар ин маросим сарвари давлат таъкид дошт, ки соли ҷорӣ аз буҷети давлат ба соҳаи маориф зиёда аз се миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 231 миллион ё 10 фоиз ва дар муқоиса ба даҳ соли пеш, яъне соли 2006 қариб 13 баробар зиёд мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.