Наврасон дӯкони заргариро ғорат кардаанд

Як марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе рӯзи 29 август ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-и августи соли равон шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулф вориди дӯкони заргариаш, воқеъ дар бозори “Бародарон”-и ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо ба миқдори 1,5 килограмм маҳсулотҳои нуқрагӣ ва тахминан 12-15 грамм тиллоӣ, як адад планшети […]

Asiia-Plus

Як марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе рӯзи 29 август ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-и августи соли равон шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулф вориди дӯкони заргариаш, воқеъ дар бозори “Бародарон”-и ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо ба миқдори 1,5 килограмм маҳсулотҳои нуқрагӣ ва тахминан 12-15 грамм тиллоӣ, як адад планшети “Айпад”, як адад телефони мобилӣ ва як адад соати дастӣ, ки арзиши умумиашон 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҷинояти дуздӣ ноболиғон: се нафар писарбачаи 14, 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, муайян карда шудааст, ки писарбачаи 16-сола дар ҷинояти дуздии молу амволи шахсӣ даст дошта, ҳамроҳи ҳаммаслакаш писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 13-уми августи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 24-солаи сокини ноҳияи мазкур шуда, аз дохили сандуқи оҳанин ҷавоҳироти нуқрагӣ ва тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 8 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон нисбат ба ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.