ВАО доир ба ҳабси муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов

Муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов баъди марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки алҳол тибқи маълумоти тасдиқнашуда рӯзи 29 август аз олам даргузаштааст, ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бораи васоити ахбори умум хабар медиҳанд. Як манбаъи аз ин масъала огаҳи АИ REGNUM иттилоъ додааст, ки Азимов таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад. Азимовро яке аз ворисони […]

Asia-Plus

Муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов баъди марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки алҳол тибқи маълумоти тасдиқнашуда рӯзи 29 август аз олам даргузаштааст, ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бораи васоити ахбори умум хабар медиҳанд.

Як манбаъи аз ин масъала огаҳи АИ REGNUM иттилоъ додааст, ки Азимов таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад. Азимовро яке аз ворисони асосии Ислом Каримов дар мансаби раисҷумҳури Ӯзбекистон ном мебурданд.

Рустам Азимов соли 2000-ум муовини нахуствазири Ӯзбекистон таъин шуда, ба масъалаҳои бахши иқтисоди ҳукумати ин кишвар масъул аст. Ҳамзамон дар мансабҳои вазири молия ва вазири иқтисод ва омори Ӯзбекистон низ ифои вазифа мекард.

Рустам Азмимов ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан хабаргузории «Фергана» доир ба марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ дар шаҳри Тошканд иттилоъ дода буд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи хабаргузориҳои «Интерфакс» ва РИА «Новости» ин хабарро рад кардаанд.

Аллакай субҳи рӯзи душанбе, 29 август яке аз духтарони Ислом Каримов Лола Каримова дар инстаграми худ тасдиқ намуд, ки президенти Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам пас аз хунравӣ ба майнаи сар дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, вазъи солимиаш устувор арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ВАО аллакай аз ворисони президенти Ӯзбекистон ном мебаранд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ба ҷойи Ислом Каримов нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва муовини нахуствазир Рустам Азимов президенти Ӯзбекистон шуда метавонанд, хабар медиҳад РБК.

Коршиносони Пажӯҳишгоҳи ташхиси иқтисодии байнулмилалӣ (МИПЭ) хотиррасон кардаанд, ки Мирзиёев ва Азимов муддати солҳои тӯлонӣ паҳлӯи президент қарор дошта, бозигарони асосӣ зимни интихоби ворис оилаи президент, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва қабила ё гурӯҳҳои минтақавӣ мебошанд.

Мувофиқи конститутсияи Ӯзбекистон, дар сурати ғайриимкон будани иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби президент, ин вазифа ба дӯши раиси палатаи болоии парлумони кишвар (сенат) вогузор мегардад, ки айни замон ин мансабро Неъматулло Юлдошев ишғол мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио