Э.Раҳмон: Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги воқеӣ дорад

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистону Русия муносибатҳои худро аз ибтидо бо дарки умумияти манфиатҳои дарозмуддати халқҳои ду кишвар ба роҳ монда, вақт комилан дуруст будани ин интихобро ба манфиати роҳандозии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар дар сатҳи шарикии стратегӣ […]

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистону Русия муносибатҳои худро аз ибтидо бо дарки умумияти манфиатҳои дарозмуддати халқҳои ду кишвар ба роҳ монда, вақт комилан дуруст будани ин интихобро ба манфиати роҳандозии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар дар сатҳи шарикии стратегӣ собит намуд.

«Назари иҷмолӣ ба таърихи навини робитаҳои Тоҷикистону Русия нишон медиҳад, ки онҳо ба заминаҳои қавии таърихӣ такя намуда, ҳамеша дар ҷараёни рушди бемайлон будааст», – қайд кард президент.

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки миёни давлатҳо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, муколамаи мунтазами сиёсие, ки маҷмӯи масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Русияро дар мадди таваҷҷуҳи доимӣ қарор медиҳад, ба роҳ монда шудааст ва ҷараён дорад. Ҳамкории наздики ду кишвар дар соҳаи мудофиа ва амният дар маҷмӯъ омили муҳими нигоҳдории суботи минтақа мебошад», – иброз дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон Русияро шарики муҳими иқтисодӣ номида, қайд кард, ки он дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон яке аз мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунад.

Ғайр аз ин, президент ҷойгоҳи махсуси  муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русияро дар бахши гуманитарӣ, аз ҷумла самтҳои маориф ва илм дар низоми умумии ҳамкориҳои дуҷониба қайд карда, изҳор намуд, ки «ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсил ба Русия фиристода шуда, имрӯз дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла понздаҳ ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд».

Дар идома президенти мамлакат нақши муҳими забони русӣ барои ҷомеаи Тоҷикистонро зикр карда, таъкид дошт, ки: «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад ва дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо  дода шудааст».

Зикр гардид, ки дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таъкид намуд, ки соли гузашта Ҳукумати мамлакат Барномаи нави шашсоларо барои омӯзиш ва таълими забони русӣ қабул кард.

«Дар ин самт масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилотии мо бо мутахассисони ба талаботи педагогӣ ҷавобгӯ, китобҳои дарсӣ ва лавозимоти таълимӣ муҳим боқӣ мемонад. Дар ин кор мо ба дастгирӣ ва  мусоидати дӯстони русиягиамон умед мебандем. Аз ин сабаб, мо аз рӯзҳои аввали ҳамкории кишварҳоямон дар самти маориф чандин маротиба ба ҷониби Русия, аз ҷумла дар сатҳи хеле баланд, муроҷиат кардем», – афзуд президент.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.