Таркиш назди сафорати Чин дар Бишкек (видео)

Субҳи имрӯз назди сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон таркиши шадиде рух дода, бар асари он як нафар ҳалок ва се посбони намояндагии дипломатӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин таркиш амали терористӣ унвон шудааст, ки аз ҷониби як маргталаби террорист анҷом дода шудааст. Нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов дар ин робита изҳор намудааст, ки дар таркиш дар назди қаламрави сафоратхонаи […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз назди сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон таркиши шадиде рух дода, бар асари он як нафар ҳалок ва се посбони намояндагии дипломатӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин таркиш амали терористӣ унвон шудааст, ки аз ҷониби як маргталаби террорист анҷом дода шудааст.

Нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов дар ин робита изҳор намудааст, ки дар таркиш дар назди қаламрави сафоратхонаи Чин террористи маргталаб даст дорад.

«Вечерний Бишкек» бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Бишкек иттилоъ медиҳад, ки дар бораи ин ҳодиса соати 10-и субҳ ба онҳо маълумот расида, айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони пулис ва мақомоти тафтишот машғули коранд. 

Ба қавли Жениш Раззоқов, автомашинаи тамғаи Mitsubisi Delika дарвозаи намояндагии дипломатиро рахна намуда, сипас таркидааст. Дар натиҷа террористи маргталаб ҳалок ва се корманди сафоратхона маҷрӯҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳамаи ҷабрдидагон шаҳрвандони Қирғизистон  – ду нафар боғбон ва як зан, корманди сафорат мебошанд. Дар ҷойи таркиш як чуқурие пайдо шуда, автомашинаи Mitsubisi Delika қариб пурра нобуд шудааст.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.