БОР: Вазъи номусоиди корӣ дар Тоҷикистон ба сармоягузорон ҷолиб нест

Дар гузориши Бонки осиёгии рушд (БОР) «Тоҷикистон: пешбурди гуногунсозии содирот ва афзоиш» коршиносон чунин ибрози назар кардаанд, ки вазъи номусоиди корӣ дар Тоҷикистон ба сармоягузорон ҷолиб нест. «Бо ҳамин сабаб дар давраи аз соли 2000 то соли 2013 дар ҷумҳурӣ сатҳи пасттарини сармоягузории хусусӣ – 26% дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ мавҷуд буд. Дар дигар кишварҳо […]

Пайрав Чоршанбиев

Дар гузориши Бонки осиёгии рушд (БОР) «Тоҷикистон: пешбурди гуногунсозии содирот ва афзоиш» коршиносон чунин ибрози назар кардаанд, ки вазъи номусоиди корӣ дар Тоҷикистон ба сармоягузорон ҷолиб нест.

«Бо ҳамин сабаб дар давраи аз соли 2000 то соли 2013 дар ҷумҳурӣ сатҳи пасттарини сармоягузории хусусӣ – 26% дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ мавҷуд буд. Дар дигар кишварҳо ин нишондиҳанда аз 75% то 87%-ро ташкил медиҳад», – қайд мешавад дар он.

Гуфта мешавад, дар ҷумҳурӣ сармоягузориҳои давлатӣ нисбат ба хусусӣ ба таври қобили мулоҳиза бартарӣ доранд. «Дар давраи аз соли 2000 то соли 2013 ҳаҷми сармоягузориҳои давлатӣ ба ҳисоби миёна 17,7%-и ММД-ро ташкил додаанд, ки ин хароҷот барои сохтмони роҳҳову хатти интиқоли барқро, ки аз ҳисоби қарзҳои Чин маблағгузорӣ шудаанд, нишон медиҳад», – таъкид мекунанд коршиносони БОР.

Қайд мешавад, ки аз соли 2005 то соли 2013 ҳаҷми сармоягузориҳои хусусӣ ба ҳисоби миёна 6,3%-и ММД-ро ташкил додаанд. «Сармоягузориҳои хусусӣ дар сатҳи паст боқӣ мондаанд, ки барои оқибатҳои манфӣ дар имконоти истеҳсолӣ ва устувории рушди иқтисодӣ шароит фароҳам меоваранд», – илова мешавад дар гузориш.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.