Ифтитоҳи 9 иншоот дар пойтахт бо иштироки президент

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 иншоот ба маблағи 239 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки майдони умумии манзилҳои нав 43 ҳазор ва марказҳои савдову хизматрасонӣ – 12 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,имрӯз дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чанд бинои […]

Asia-Plus

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9 иншоот ба маблағи 239 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки майдони умумии манзилҳои нав 43 ҳазор ва марказҳои савдову хизматрасонӣ – 12 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,имрӯз дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки боо маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои боғчаи кӯдакона, маркази савдо, таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна ва дигар шароити замонавӣ барои зист мебошад.

Биноҳои муосири 12-ошёна бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохта шуда, манзилҳои истиқоматӣ, аз як то панҷҳуҷрадор ва дар маҷмуъ 174 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуданд.

Ҳамчунин имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат муассисаҳои томактабӣ – 280 ҷой, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 1200 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд. Шумораи коргарон дар вақти сохтмон 1500 нафар ва баъди сохтмон беш аз 2100 нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.