Нишасти таъҷилии ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” дар Бишкек

Date:

Васоити ахбори умуми Қирғизистон иттилоъ доданд, ки ҳавопаймои ширкати милллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” рӯзи 7 сентябр ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Бишкек нишастааст.

Дар дафтари матбуоти фурудгоҳи “Манас” хабар додаанд, ки санаи 7 сентябр ҳавопаймои хатсайри Бишкек – Душанбеи ширкати “Тоҷик Эйр” ба сафар баромада, вале соати 13:00 ба фурудгоҳ баргашта, таъҷилан фуруд омадааст.

“Мо маҳз бо кадом сабабҳо баргаштани ҳавопайморо намедонем. Дар ин ҳолатҳо ширкати машғул ба ҳамлу нақл бояд мусофиронро бо меҳмонхона ва хӯрок таъмин намояд, вале ин дафъа ҳамаи мусофирон зимни интизорӣ дар фурудгоҳ қарор доштанд”, – шарҳ додаанд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳи “Манас”.

Хабаргузории “Кабар” дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 12 соат мунтазир шудан ва бо ғизову меҳмонхона таъмин нагардиданашон шикоят кардаанд.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Эрмек Омуралиев ба Zanoza.kg доир ба тафсилоти нишасти изтирории ҳавопаймо маълумот дода изҳор намудааст, ки зимни парвоз дар кори ҳавопаймо мушкилӣ пайдо шудааст.

“Мо мақомоти марбутаи Тоҷикистонро аз ин вазъ огоҳ кардем. Онҳо ба Бишкек ҳавопаймо фиристода, аввал мо гумон доштем, ки ин ҳавопаймо мусофирони дар фурудгоҳи “Манас” қарордоштаро мегирад, вале баъдтар маълум шуд, ки ин ҳавопаймо бо қисмҳои эҳтиётӣ ва мутахассисони техникӣ омадааст”, – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, субҳи имрӯз, 8 сентябр барои ба Душанбе бурдани мусофирон мақомоти Тоҷикистон ҳавопаймои сеюмро фиристода, соати 08:30 дақиқа ҳавопамйои “Боинг-300” мусофиронро бо худ гирифтааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...