Аз рӯи ҳаҷми интиқоли пул аз Русия Қирғизистон аз Тоҷикистон пеш гузашт

Date:

Аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия аз ҷониби шахсони хусусӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Қирғизистон аз Тоҷикистон пеш гузашт. Тӯли чандин солҳо Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистон дар ин масъала зинаи дуюмро ишғол мекард.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон – ҳудуди 598 млн. доллари ИМА ва ба Қирғизистон – 637 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол додаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба Ӯзбекистон – 3 млрд. 059 млн. доллари ИМА, ба Тоҷикиситон – 2 млрд. 220 млн. доллари ИМА ва ба Қирғизистон – 1 млрд. 383 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли гузашта Қирғизистон ба сафи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пайваста, чанде аз қоидаву расмиёт барои муҳоҷирони ин кишвар дар Русия сабуктар гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...