Дар рейтинги нави ФИФА Тоҷикистон 4 зина боло рафт

Date:

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 20 октябр дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  4 зина боло рафта, акнун бо 227 имтиёз зинаи 140-умро ишғол мекунад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 24-ум қарор дорад. Дар байни кишварҳои қораи Осиё зинаи аввалро – Эрон (27-ум дар ҷаҳон), мақоми 2-юмро – Австарлия (40-ум дар ҷаҳон) ва ҷои 3-юмро – Кореяи Ҷанубӣ (44-ум дар ҷаҳон) ишғол кардаанд.

Моҳи ноябр мунтахаби футболи ҷумҳурӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тимҳои Туркманистон (9 ноябр) ва Афғонистон (13 ноябр) бозиҳои дӯстона доир мекунад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...