Дар Душанбе барои таъсиси Донишгоҳи СҲШ қадами нахуст гузошта шуд

Рӯзҳои 19-20 октябр дар Душанбе Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии СҲШ иштирокдорони машварат атрофи рушду таҷдиди низомҳои миллии маорифи кишварҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар ин соҳа табодули назар намуда, лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии кишварҳои узви Созмон оид ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ-ро баррасӣ […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 19-20 октябр дар Душанбе Машварати шашуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии СҲШ иштирокдорони машварат атрофи рушду таҷдиди низомҳои миллии маорифи кишварҳо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар ин соҳа табодули назар намуда, лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии кишварҳои узви Созмон оид ба таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи СҲШ-ро баррасӣ карданд.

Иштирокчиёни машварат қайд карданд, ки амалисозии лоиҳаи таъсиси Донишгоҳи СҲШ ба наздикшавии низомҳои милии таҳсилоти олии кишварҳо, таъмини ҳамгиройии захираҳои таълимӣ ва боз гардидани паҳноҳои нав барои густариши ҳамкориҳо имкон фароҳам месозад.

Зикр гардид, ки ҳуҷҷатҳои таъсиси Донишгоҳи СҲШ дар сатҳи макотиби олии шомили донишгоҳ ва вазоратҳои маорифи кишварҳо расман мувофиқа шуда, дар марҳилаи баъдӣ имзои қарордодҳо дар сатҳи ҳукуматҳо зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.