Имкони таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону АМА

Имрӯз дар Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Суҳайл Ал Мазруиро ба ҳузур пазируфт. Бино ба итттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуда соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок ва муҳиму […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Суҳайл Ал Мазруиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба итттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуда соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои афзалиятнок ва муҳиму ояндадори ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.

Тавре таъкид шуд, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба дар ҳоли ҳозир қаноатбахш набуда фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб низ беҳбудиро талаб менамояд.

Дар мулоқот доир ба ҷалби сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб ба соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва боркашонии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида ташкили робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирони ду давлат, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ зарур шуморида шуд.

Бо изҳори таассуф таъкид гардид, ки то имрӯз иқтидор ва имконияти бузурги рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба пуррагӣ истифода нашуда таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро тақозо менамоянд.

Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба зарурати таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ, Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин таъсиси намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.