Даргузашти собиқ муовини Эмомалӣ Раҳмон дар ҲХДТ

Сафар Сафаров, собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт. Наздикони Сафаров ба “Озодагон” гуфтаанд, ӯ соати 01:00-и шаби гузашта реҳлат кардааст. Ба гуфтаи онҳо, Сафаров чанд вақти ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд. Намози ҷанозаи Сафар Сафаров зуҳри имрӯз, 21 октябр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе хонда мешавад ва […]

Озодагон

Сафар Сафаров, собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Наздикони Сафаров ба “Озодагон” гуфтаанд, ӯ соати 01:00-и шаби гузашта реҳлат кардааст. Ба гуфтаи онҳо, Сафаров чанд вақти ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд.

Намози ҷанозаи Сафар Сафаров зуҳри имрӯз, 21 октябр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе хонда мешавад ва ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок месупоранд.

Сафаров аз соли 2010 муовини якуми раиси ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон буд ва моҳи декабри соли 2014 дар Анҷумани 12-уми ҳизб аз ин симмат барканор шуд.

Сафар Сафаров 22 майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 1983 мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Дар замони Шӯравӣ бештар дар ниҳодҳои комсомоливу ҳизби коммунист кор карда, то мақоми котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло -Темурмалик) расида буд.

Солҳои 1990-2000 вакили парлумон. Солҳои 2000-2001 раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2001 сафири Тоҷикистон дар Русия ва соли 2007 намояндаи мухтори Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шудааст. Аз соли 2007 то феврали соли 2010 муовини авали раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд.

 Дорандаи ордени "Шараф" ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон. Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...