Филми коргардони афғон ба шоҳҷоизаи «Дидор» сазовор дониста шуд

Дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳои Ҳафтумин Синамобазми Байналмилалии «Дидор» дар Душанбе филми коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ “Чанд метри мукааб ишқ”- беҳтарин филм ва ба Шоҳҷоизаи фестивал сазовор дониста шуд. Дар доираи ин синамобазм, ки аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, 80 филми коргардонҳо аз Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Ӯзбекистона, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон, […]

Asia-Plus

Дар маросими ҷамъбасти натиҷаҳои Ҳафтумин Синамобазми Байналмилалии «Дидор» дар Душанбе филми коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ “Чанд метри мукааб ишқ”- беҳтарин филм ва ба Шоҳҷоизаи фестивал сазовор дониста шуд.

Дар доираи ин синамобазм, ки аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, 80 филми коргардонҳо аз Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Ӯзбекистона, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Эрон, Қазоқистон, Муғулистон, Олмон ва Тоҷикистон намоиш дода шуда, 22 филмҳои кӯтоҳметраж ва пурра ба қисмати озмун пешниҳод гардиданд.

Ҳайати ҳакамони синамобазм аз раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ҳунарманди театру кино аз Эрон Ризо Киёниён, нависанда ва тарҷумон аз Ҳиндустон Латика Падкаонкар иборат буд.

Филми «Каждый первый (Ҳар яке)-и коргардони рус Николай Котяш беҳтарин филми кутоҳметраж дониста шуда, филми коргаронҳои қирғиз Бахита Мукул ва Дастан Жапарнуулу «Завещание отца» (Васияти падар) ба ҷоизаи мунаққидони соҳаи кино соҳиб шуд. Филми «Мушкилкушо»-и коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов низ ба ҷоизаи синамобазм шарафёб гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.