Кумаки Тоҷикистон ба паноҳандагон аз ҷангҳои ахир дар Кундуз

Тоҷикистон ба беҷошудагони ҷангҳои ахир дар Кундузи Афғонистон ҳаммарз бо Хатлони Тоҷикистон, ки ба вилояти Бадахшони он кишвар паноҳ бурдаанд, кӯмакҳои башардӯстона расонидааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин кӯмакҳои фаврӣ аз сӯи Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ба даҳҳо хонаводаи фирорӣ аз ҷангҳои Кундуз расонида шудааст. Умед Назаров, сарконсули Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 19 […]

Радиои Озодӣ

Тоҷикистон ба беҷошудагони ҷангҳои ахир дар Кундузи Афғонистон ҳаммарз бо Хатлони Тоҷикистон, ки ба вилояти Бадахшони он кишвар паноҳ бурдаанд, кӯмакҳои башардӯстона расонидааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин кӯмакҳои фаврӣ аз сӯи Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ба даҳҳо хонаводаи фирорӣ аз ҷангҳои Кундуз расонида шудааст. Умед Назаров, сарконсули Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 19 октябр ин кӯмакҳои фаврии Тоҷикистонро ба беш аз 35 хонавода тақсим кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вилояти Бадахшони Афғонистон, беҷошудагони ҷангҳои Кундуз дар урдугоҳи "Чамани зироат"-и шаҳри Файзобод ҷобаҷо шудаанд ва гуфта мешавад, ки ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд. Кӯмакҳои Тоҷикистон ба беҷошудагони Кундуз аз орд, равған, шакар, чой, кӯрпа ва дигар маводи зарурии рӯзгор иборат мебошанд.

Умед Назаров, сарконсули Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод ҳини ироаи ин кӯмакҳо гуфтааст, ки ин кӯмакҳо муқаддамотӣ аст ва дар оянда низ кишвараш ба беҷошудагони дохилӣ дар Афғонистон кӯмак хоҳад кардааст. Сарконсули Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз баррасӣ ва омӯзишҳо, кӯмакҳои бештаре барои ниёзмандон ирсол хоҳад шуд.

Ҷанги даҳрӯзаи Кундуз садҳо хонаводаро беҷо кард ва зиёни зиёди моливу ҷонӣ ба мардуми ин вилоят ворид шудааст. Тибқи гузоришҳо, Толибон пас аз ақибнишӣ аз минтақаҳои аҳолинишин, хона ва дороиҳои мардумро оташ зада ва чорвоҳои онҳоро низ бо худ бурдаанд ё ба қатл расониданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...