Боздошти як афғонӣ дар Дарвоз бо пулҳои қалбакӣ

Шаҳрванди Афғонистон Шоҳиззат валади Сироҷиддинро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба гумони кӯшиши муомилоти як миқдор пулҳои қалбакии сомонӣ боздошт намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КДАМ Тоҷикистон иттилоъ дод, ин шаҳрванди Афғонистон дар қаламрави бозори наздимарзии «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз боздошт ва аз ӯ 11 адад пулҳои қалбакӣ ё сохтаи арзишашон 100-сомонигӣ дарёфт […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳрванди Афғонистон Шоҳиззат валади Сироҷиддинро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба гумони кӯшиши муомилоти як миқдор пулҳои қалбакии сомонӣ боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КДАМ Тоҷикистон иттилоъ дод, ин шаҳрванди Афғонистон дар қаламрави бозори наздимарзии «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз боздошт ва аз ӯ 11 адад пулҳои қалбакӣ ё сохтаи арзишашон 100-сомонигӣ дарёфт шудааст.

Дар бозпурсии нахустин Шоҳиззат валади Сироҷиддин изҳор доштааст, ки ин пулҳоро аз ҳамсояаш гирифта, аз қалбакӣ будани онҳо хабар надоштааст ва ният доштааст, ки онро дар Тоҷикистон барои харидории маҳсулоти ғизойӣ сарф кунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан 3 бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон амал мекарданд, вале бо сабаби хатари ҳамлаи толибон ба онҳо аз Афғонистон, бозорҳо дар Ишкошим ва Тем баста шуда, танҳо дар бозори «Рузвай» рӯзҳои шанбе хариду фурӯш сурат мегирад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.