Осеби офати табиӣ ба вилояти Суғд

Аз шамоли сахт чанде аз иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд осеб диданд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, шамол 12 дарахтро афтонида, дар натиҷаи он хатти интиқоли барқ канда шудааст ва ба боми яке аз манзилҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳр низ зиён расидааст. «Хатти интиқоли барқ то соати 22 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз шамоли сахт чанде аз иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд осеб диданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, шамол 12 дарахтро афтонида, дар натиҷаи он хатти интиқоли барқ канда шудааст ва ба боми яке аз манзилҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳр низ зиён расидааст. «Хатти интиқоли барқ то соати 22 таъмиру барқарор карда шуд», – гуфтанд дар Кумита.

Дар ноҳияи Деваштич шамол боми яке аз мактабҳои ноҳияро хароб карда, дар ноҳияи Кӯҳистони мастчоҳ болои боми чанде аз манзилҳои аҳолӣ осеб дидааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар сокинони ҷумҳуриро ба ҳушёриву андешидани тадбирҳои бехатарӣ дар обуҳавои номусоид, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон то 5 ноябр идома меёбад, даъват мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.