Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустнамоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор мешавад; – Кумитаи ҳолатҳи фавқулода огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ якбора поинравии ҳарорат, боришот ва шамоли сахт дар назар аст. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустнамоиши операи «Комде ва Мадан» баргузор мешавад;

– Кумитаи ҳолатҳи фавқулода огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ якбора поинравии ҳарорат, боришот ва шамоли сахт дар назар аст.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8758 сомонӣ;

1 евро – 8.7240 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1202 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1946 – Дар Париж ЮНЕСКО – Ташкилоти СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг таъсис дода шуд.

1948 – «Бешаи палангон» мамнӯъгоҳи давлатӣ эълон карда шуд.

1998 – Гурӯҳи полковники «ошӯбгар» М.Худойбердиев ба вилояти Суғд ҳамла кард.

2004 – Нусхаҳои шумораи навбатии газетаи «Рӯзи нав», ки дар Бишкек ба нашр расид, аз ҷониби пулиси андоз дар нақлиёт дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифта шуд.

1918 – Зодрӯзи Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Тоҷинисо Ғафурова.

1928 – Мавлуди профессор Баён Раҳимов.

1937 – Зодрӯзи файласуф, профессор Фирӯза Турсунзода.

1950 – Мавлуди ҳунарманди театр Асалбегим Саодатова.

1954 – Зодрӯзи журналист Сардори Раҳдор.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5 рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона-4+1, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -1+4.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳгоҳон борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда шабона ва субҳгоҳон борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +15+17.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.