Тавофуқи Русия ва Тоҷикистон дар масъалаи танзими парвозҳо

Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо миёни ду кишвар, ба мувофиқа расиданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар гуфтугӯҳои Маскав тарафҳо розӣ шудаанд, то ҳавопаймоҳои ҳар ду ҷониб аз фурудгоҳи нави Жуковский парвозҳо анҷом диҳанд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки музокирот миёни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия то […]

Радиои Озодӣ

Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо миёни ду кишвар, ба мувофиқа расиданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар гуфтугӯҳои Маскав тарафҳо розӣ шудаанд, то ҳавопаймоҳои ҳар ду ҷониб аз фурудгоҳи нави Жуковский парвозҳо анҷом диҳанд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки музокирот миёни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия то дершаби 7 ноябр идома дошт ва ҷонибҳо тавонистанд дар атрофи масъалҳои мавриди баҳс ба мувофиқа бирасанд.

Ҷаноби Ганҷалзода хабарҳо дар бораи гузаштҳои ҳайати Тоҷикистон ба ҷониби Русия дар ин музокиротро радд кард ва гуфт, ки тибқи натиҷаҳои ин музокирот, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бар асоси "паритет ё баробарӣ" парвозҳоро ба шаҳрҳои Русия анҷом хоҳанд дод.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон, тасдиқ кард, ки ба ҷониби Русия иҷозаи парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дода шуд. Вале гуфт, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ аз ин фурудгоҳ парвозҳоро анҷом хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии русӣ аз қавли манобеи вазорати нақлиёти Русия гуфтанд, ки феълан танҳо ширкати русии “Уральские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳри Душанбе дар ҳафта ду парвоз анҷом хоҳад дод.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳамакнун бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда бо ҷониби Русия, ширкатҳои Тоҷикистон метавонанд, дар масирҳое, ки мусофирон зиёданд, парвозҳои бештар дошта бошанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба масъалаи мушкилот миёни мақомоти Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар изҳорот пахш намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.