Қатъи фаъолияти дафтари намояндагии НАТО дар Тошканд

Date:

Дафтари робитаҳои НАТО дар Осиёи Марказӣ (ОМ), ки феълан дар Тошканди Ӯзбекистон ҷойгир аст ва иртиботи ин созмони низомиро бо кишварҳои минтақа ҳамоҳанг мекунад, соли 2017 баста хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Розария Пулизи, раҳбари ин дафтар дар суҳбат бо хабаргузории "Фарғона" гуфтааст, ки дар ҳақиқат коргоҳи НАТО дар ОМ охирҳои моҳи марти соли 2017 баста мешавад.

"Ин тасим дар пайи баррасии дохилии буҷа гирифта шуда, ангезаи сиёсӣ надорад. Аз ҷониби Ӯзбекистон ҳеч гуна фишор нашудааст. Баръакс, мо ҳамеша дар минтақа гарм пазироӣ шуда, аз ҳамкориҳои самарабахшу судманд дар сатҳҳои зарурӣ шод будем. ОМ барои НАТО аҳамияти стратегӣ дошт ва дорад. Ҳамкориҳо минбаъд бевосита аз Брюссел идора хоҳад шуд", – гуфтааст раиси дафтари НАТО дар ОМ.

Шарики нахустини НАТО дар ОМ, ки кормандони созмон оид ба иртибот ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро пазируфт, Қазоқистон буд.

Тобистони соли 2013 дафтари НАТО ба Тошканд кӯч баст. Он дар пойтахти Ӯзбекистон ҳамчун намояндагии дипломатӣ сабти ном шуда, моҳи августи ҳамон сол корро оғоз кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...