Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар маркази исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таълимоти муттасил баҳри рушди устувор» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00; – Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон» конфронси байнулмилалӣ барпо мешавад. Оғоз соати 14-00; – Дар маркази тиҷоратии «Вефа» дар мавзӯи «Таъсири интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ва кумаки расмӣ ба рушди […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар маркази исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таълимоти муттасил баҳри рушди устувор» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон» конфронси байнулмилалӣ барпо мешавад. Оғоз соати 14-00;

– Дар маркази тиҷоратии «Вефа» дар мавзӯи «Таъсири интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон ва кумаки расмӣ ба рушди иқтисод: таҳлили эмперӣ дар мисоли Тоҷикистон» маърӯзаи кушод хонда мешавад. Оғоз соати 16-00;

– Дар толори Театри ба номи Лоҳутӣ ҳунармандони Театри ба номи Маяковский спектакл барои кӯдакон «Кикимора ва волшебная палочка»-ро намоиш медиҳанд. Оғоз соати 10-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8760 сомонӣ;

1 евро – 8.3706 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1192 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1986 — Ҳавопаймои ТУ-154М бори нахуст ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

1991 – Маъракаи нахустини интихоботи умумихалқии президенти ҶТ доир гардид. Раҳмон Набиев сарвари давлат интихоб шуд.

1992 – Қонунҳо «Дар бораи нишони давлатии ҶТ» ва «Дар бораи Парчами давлатии ҶТ» қабул шуданд

2009 — Дар Тоҷикистон бори нахуст ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид.

2013 — Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатиро бо веломарафон ҷашн гирифтанд.

1939-1984 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Назира Қаҳҳорова.

1942 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева.

1947 – Зодрӯзи нависанда ва журналист, сардабири ҳафтавори «Курер Таджикистана» Муҳаммадҷон Тоштемиров.

1950 – Мавлуди журналист Шаҳбозхон Саркориев.

1962 – Зодрӯзи иқтисодчӣ Комил Шарифов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -2-7; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -3-8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -3-8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона -4+1; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона -1-6; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -2-7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -3-5.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -3-5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -2-4.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.