Мусофирони хатсайри Душанбе-Тошканд дар фурудгоҳ раводид гирифта метавонанд

Дар вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе баррасии масъалаҳои марбут ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо, ки аз моҳи сентябри соли 2000 амал мекунад, дар назар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки мусофирони хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Тошканд-Душанбе, ки аз аввали соли оянда ифтитоҳ мегардад, мустақиман дар фурудгоҳҳои ҳарду кишвар раводид дастрас намоянд. Тавре ба «Азия-Плюс» як […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе баррасии масъалаҳои марбут ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо, ки аз моҳи сентябри соли 2000 амал мекунад, дар назар аст.

Аз эҳтимол дур нест, ки мусофирони хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Тошканд-Душанбе, ки аз аввали соли оянда ифтитоҳ мегардад, мустақиман дар фурудгоҳҳои ҳарду кишвар раводид дастрас намоянд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон, ки охири ҳамин моҳ пешбинӣ шудааст, имзои созишнома оид ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо дар назар аст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз ба имзо расидани созишномаи мазкур санаи дақиқи ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ ва арзиши билетҳо ба он маълум мешавад. Парвози ҳавопаймоҳи миёни шаҳрҳои Тошканду Душанбе нимаи аввали соли 1992, замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Душанбе ва Тошканд парвози ҳавопаймоҳо фаъол хоҳанд гашт.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки аввали ҳафтаи оянда дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст, ки ҳамраисони он муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.