Суқути Ту-154-ро дар Русия амали террористӣ намешуморанд

Дар Шӯрои федератсиюн ва Думаи давлатии Русия гуфтанд, ки фарзияи террористӣ будани суқути ҳавопаймои “Ту-154” истисност. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, намояндагони Кумитаи оид ба дифоъ дар ду палатаи порлумони Русия – Виктор Озеров ва Андрей Красов – гуфтаанд, ин ҳавопаймо ба Вазорати дифоъ мутааллиқ буд ва ҳамеша таҳти назорат қарор дошт. Онҳо даъват кардаанд, […]

Радиои Озодӣ

Дар Шӯрои федератсиюн ва Думаи давлатии Русия гуфтанд, ки фарзияи террористӣ будани суқути ҳавопаймои “Ту-154” истисност.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, намояндагони Кумитаи оид ба дифоъ дар ду палатаи порлумони Русия – Виктор Озеров ва Андрей Красов – гуфтаанд, ин ҳавопаймо ба Вазорати дифоъ мутааллиқ буд ва ҳамеша таҳти назорат қарор дошт. Онҳо даъват кардаанд, то замони хулосаи кумисюни махсус, ки ҳодисаро таҳқиқ мекунад, аз ироаи ҳамагуна фарзия дар ин робита худдорӣ шавад.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, вебсайти "Фонтанка" бо такя ба маноеби амниятии худ гуфтаааст, ФСБ афродеро, ки ба хидматрасонии “Ту-154” иртибот доштанд, тафтиш мекунад.

Ҳавопаймои ҳомили 92 нафар, аз ҷумла 9 хабарнигор ва 64 узви ансамбли маъруфи Александров, субҳи 25 декабр дар Баҳри Сиёҳ суқут кард. Ин ҳавопаймо пас аз чанд дақиқаи ба ҳаво бархостан аз фурудгоҳи Сочи аз саҳифаи радар нопадид шуд. Ҳавопаймo мусофиронашро ба пойгоҳи Русия дар Сурия мебурд, то сарбозонро бо Соли нав табрик карда, барномаи ҳунарӣ иҷро намоянд.

 

Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасад ва пораҳои ҳавопаймо дар Баҳри Сиёҳ идома дорад. Доираи ҷустуҷӯ даҳ километри мураббаъро дар бар гирифта, се ҳазор нафар дар амалиёти ҷустуҷӯ кор мекунанд. То ҳол ҷаъба ё сандуқи сиёҳи ҳавопаймо ёфт нашудааст. Дар Русия 26 декабр рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст ва то кунун мақомоти Амрико, Олмону Фаронса, Ҷумҳурии Чех, Италия, Туркия, Молдова, Тоҷикистону Қазоқистон ва Озарбойҷон ба раҳабрияти Русия изҳори ҳамдардӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.