Сафари вакилони парлумон ба минтақаҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи паёми президент

Date:

Бо қарори Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз 11 то 20 январ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми сарвари давлат ба парлумон дар минтақаҳо қарор хоҳанд дошт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, вакилон ҳамчунин андешаву афкори аҳолӣ доир ба ҷараёни қонунофариро низ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ, дар тамоми минтақаҳои кишвар аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби фаъолон бо ин мақсад гурӯҳҳо ташкил карда шудаанд. Мақомоти шаҳрдории Сарбанд дар ҳайати 40 нафар занони фаъол гурӯҳеро ташкил кардааст, ки хона ба хона гашта, ба аҳолӣ нуктаҳои муҳими паёми сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯриҳои ваиклони парлумон бо аҳолии минтақаҳо ҳамчунин ба шарҳу тавзеҳи қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...