Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ) оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00; – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Академияи илмҳои Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 10-30; – […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ) оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Академияи илмҳои Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 10-30;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 14-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8825 сомонӣ;

1 евро – 8.2940 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1288 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1722 — Дар Русия бо фармони Пётри I прокуратура таъсис дода шуд.

1755 — Дар Русия Донишгоҳи аввалини Маскав таъсис дода шуд.

1937 — Дар дарёи Варзоб аввалин нерӯгоҳи барқи обӣ ба истифода дода шуд.

1989 — Оғози охирин маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар ИҶШС, ки аз рӯйи натоиҷи он шумори аҳолии кишвар 286,7 млн. нафарро ташкил дод.

1992 — Аз махзани Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А.Дониши Академияи илмҳои ҶТ 185 адад маснӯот аз нуқра, биринҷӣ ва устухони фил ба маблағи умумии 4,6 млн. доллари ИМА дуздида шуданд.

2009 — Даргузашти яке аз муассисони Ҳизби демокарти Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов.

2010 — Дар Тоҷикистон Иттифоқи нашриёти мустақил таъсис дода шуд.

2012 — Дар Маскав ба журналисти мухолиф Додоҷон Атовуллоев ҳамла сурат гирифт.

1947 — Зодрӯзи Бобохонов Бобоҷон, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон, аз соли 2010 дар нафақа аст.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъан борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -3-81, рӯзона -4+1.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -1-6; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -4+1. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +11+13.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1-3.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.