Соли худро ҷавонони тоҷик дар меҳмонии ҳамдигар мегузаронанд

Дар ҷараёни нишасти хабарии ҷамъбасти сол раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абуллозода изҳор дошт, ки дар доираи Соли ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби президенти мамлакат эълон шуд, баргузории беш аз 130 чорабинӣ дар назар аст. «Дар Соли ҷавон мо баргузории як қатор чорабиниҳоро дар нақша дорем, ки беҳбуди зербинои […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни нишасти хабарии ҷамъбасти сол раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абуллозода изҳор дошт, ки дар доираи Соли ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби президенти мамлакат эълон шуд, баргузории беш аз 130 чорабинӣ дар назар аст.

«Дар Соли ҷавон мо баргузории як қатор чорабиниҳоро дар нақша дорем, ки беҳбуди зербинои ташкилотҳои ҷавонон, ворид намудани тағйирот ба қонунгузории марбут ба ҷавонон, омӯзиши касбу ҳунарҳо, ҳамчунин бунёди низоми лагерҳои ҷавонон ва ҳамкорӣ бо тоҷикистониҳои ҷавони хориҷи кишвар аз ҷумлаи онҳо мебошанд», – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи раиси Кумита, соли 2016 барои ҷавонон зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, имсол низ таъмини боз шумори бештари ҷавонон бо кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Имсол низ ба таҷрибаи ду соли пеш идома бахшида шуда, ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар ба меҳмонии ҳамдигар мераванд, то ки бо кору ҳаёти ҷавонони ин минтақа ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҷавонон дар маҳалҳо аз наздик шинос шуда, аз таҷибаи пешқадам баҳра бардоранд», – афзуд Аҳтам Абдуллозода.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.