Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар бинои Кумитаи телевизиону радио оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 08-00; – Агентии «Тоҷикстандарт» доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз соати 14-00; – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Хадамоти назорати бехатарии корҳо […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар бинои Кумитаи телевизиону радио оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 08-00;

– Агентии «Тоҷикстандарт» доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2016 нишасти матбуотӣ барпо мекунад. Оғоз соати 14-00;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Хадамоти назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Дар бинои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ин муассисаи таълимӣ дар соли гузашта нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 10-00;

– Дар бинои Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти матбуотӣ барпо мешавад. Оғоз соати 11-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8824 сомонӣ;

1 евро – 8.3948 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1298 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1703 — Дар Маскав ба таври мунтазам рӯзномаи «Ведомости» ба табъ расидан гирифт. Ин рӯз аз соли 1991 расман ҳамчун Рӯзи матбуоти Русия ҷашн гирифта мешавад.

2010 — Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар баробари БДА «Амонатбонк» ба дигар бонкҳои кишвар низ ба фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ваколат дода шуд.

2016 — Бонки миллии тоҷикистон аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки аз муомилотиғайриқонунии асъори хориҷӣ худдор варзанд.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +1+6; дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -12-17, рӯзона -4-9; дар шарқ шабона -27-32, рӯзона -13-18.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -2-7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона 0-3, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -14-16, рӯзона -8-10.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.