«Старекс»-у «Мерседес»-ҳои пойтахтро автобусу троллейбусҳо иваз мекунанд

Ҳукуматдорони Душанбе ният доранд, ки нимаи аввали соли равон нақлиёти мусофиркаши «Старекс»-у «Мерседес»-ро ба автобусу троллейбусҳо иваз кунанд. Таксиҳои шахсӣ низ боқӣ мемонанд. Директори муассисаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ғаюрбек Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин кор бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт амалӣ шуда, дар тамоми қаламрави шаҳр […]

Asia-Plus

Ҳукуматдорони Душанбе ният доранд, ки нимаи аввали соли равон нақлиёти мусофиркаши «Старекс»-у «Мерседес»-ро ба автобусу троллейбусҳо иваз кунанд. Таксиҳои шахсӣ низ боқӣ мемонанд.

Директори муассисаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ғаюрбек Искандаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин кор бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт амалӣ шуда, дар тамоми қаламрави шаҳр ҳаракати нақлиёти мусофирбар чун дар хиёбони Рӯдакӣ роҳандозӣ хоҳад шуд, яъне ҳаракати маршруткаҳо манъ ва танҳо ба равуои автобусу троллейбус ва такси иҷозат дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар пойтахт беш аз 3 ҳазору 31 адад микроавтобусҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

«Мо ният дорем, ки 8 микроавтобусро ба 1 автобус ё троллейбус иваз намоем, вале алҳол дақиқан гуфта наметавонам, ки автобусу троллейбусҳо аз куҷо харидорӣ мешаванд , лекин мушаххасан маълум аст, ки аллакай моҳҳои апрел-май онҳо ба Душанбе оварда мешаванд», – иброз дошт Искандаров.

Зимнан таъкид шуд, ки ҳукумати шаҳри Душанбе барои интихоби таҳвилгари нақлиёти мусофирбар ба пойтахт тендери байнулмилалӣ эълон мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.