Сеяки аҳолии коршоями ВМКБ дар хориҷи кишвар қарор дорад

Дар вохӯрӣ бо журналистон намояндагони сохторҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, ки 36%-и аҳолии коршоями вилоят имрӯз дар хориҷи кишвар қарор доранд. «Беш аз 31,7 ҳазор нафар сокинони вилоят муҳоҷирати кориро ихтиёр намуда, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола дар минтақа ҷойҳои кории зиёде муҳайё мегарданд, – гуфт […]

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Дар вохӯрӣ бо журналистон намояндагони сохторҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, ки 36%-и аҳолии коршоями вилоят имрӯз дар хориҷи кишвар қарор доранд.

«Беш аз 31,7 ҳазор нафар сокинони вилоят муҳоҷирати кориро ихтиёр намуда, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола дар минтақа ҷойҳои кории зиёде муҳайё мегарданд, – гуфт Мамадкарим Назиров, сардори Раёсати агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ВМКБ. – Танҳо дар соли гузашта барои 4,4 ҳазор нафар бекорони сабтшуда 2,5 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуда, боз 1 ҳазору 418 нафар ба машғулиятҳои омӯзиши касбҳои нав фаро гирифта шуданд».

Сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати меҳнатии минтақа Мулкамон Каниев изҳор кард, ки бо вуҷуди ин, шумори ба хориҷа рафтани аҳолии коршоям ҳамасола афзуда, агар соли гузашта 22 ҳазор нафар аз муҳоҷират баргашта бошанд,дар ин давра  23,9 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ раҳсипор гардидаанд, ки аз соли пешин 1,8 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта барои қонуншиканиҳои гуногун ба зиёда аз 1 ҳазору 254 нафар муҳоҷирон аз ВМКБ вуруд ба Русия манъ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти филиали Бонки миллӣ дар Хоруғ, ҳаҷми амонатҳои шахсии сокинони вилоят 181 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 9 млн. сомонӣ камтар буда, маблағи аз ҷониби муҳоҷирон интиқолёфта ба санаи 1 январи соли равон 25,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пешин 5 млн. доллар камтар мебошад.

Бо ин сабабҳо қобилияти қарздиҳии низоми бонкиии минтақа суст шуда, соли 2016 бонкҳои тиҷоратии вилоят ҳамагӣ дар ҳаҷми 37 млн. сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли 2015 ба андозаи 63% камтар буда, дар навбати худ ҷараёни баргардонидани қарзҳо ҳам ба мушкилӣ мепечад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.