«Тоҷик Эйр»: мусофирони мо суғурта доранд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» изҳороти Ширкати давлатии суғуртаи «Тоҷиксуғурта» доир ба суғурта (бима) надоштани муософирони ширкатро рад мекунад.

Ин ҷо сари масъалаи ихтилофҳо миёни ширкатҳои давлатии «Тоҷик Эйр» ва «Тоҷиксуғурта» сухан меравад. «Тоҷиксуғурта» изҳор медорад, ки ширкати ҳавопаймоӣ аз имзои шарномаи суғурта саркашӣ намуда, исрор меварзад, ки мусофирон бояд огоҳ бошанд, ки ҳаёташон суғурта нашудааст.

Аз ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар ин робита иттилоъ доданд, ки онҳо дар ширкати хусусӣ суғурта доранд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалӣ аст.

«Фаъолияти «Тоҷиксуғурта» ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест, – гуфт дар ин робита директори молиявии «Тоҷик Эйр» Акбар Шарипов. – Мо чандин маротиба бобати имзои шартнома дар бораи суғуртаи мусофирон дар асоси меъёрҳои байнулмилалии қабулшуда ба онҳо муроҷиат намуда, бори охир ин кор охири соли 2015 сурат гирифта буд, вале аз ширкати суғуртавии мазкур ҳеҷ гуна посухи мусбат нарасид».

Ба гуфтаи Шарипов, моҳи сентябри соли 2016 «Тоҷик Эйр» бо ширкати суғуртавии «Лидер Иншуренс» мутобиқи талаботи байнулмилалӣ шартнома баста, мувофиқи он, ҳар як ҳавопаймои ширкат полиси суғуртавӣ дорад ё ба истилоҳи дигар, нақлиёти ҳавоии ширкат, мусофирон ва шахсоне сеюм суғурта шудаанд.

Барои тасдиқи суғурта шудани мусофирон ширкати ҳавопаймоӣ нусхаи полисро пешниҳод кард.

«Маблағи суғуртаи ҳар як мусофири мо 250 ҳазор франки швейтсарӣ (каме бештар аз 250 ҳазор доллар)-ро ташкил дода, дар ҳамин ҳол, «Тоҷиксуғурта» ҳар як мусофирро ба ҳадди ниҳоӣ 15 ҳазор доллар суғурта карда метавонад», – таъкид дошт намояндаи «Тоҷик Эйр».

Қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарии аввали ҳафта директори генералии «Тоҷиксуғурта» Аловиддин Сатторӣ изҳор намуд, ки «Тоҷик Эйр» бо ҳар роҳу восита аз имзои шартномаи суғурта бо ширкати давлатӣ саркашӣ карда, маблағи суғуртаи ҳатмиро пардохт намекунад.

«Айни замон ҳаҷми қарзи ширкати ҳавопаймоӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ назди ширкати мо беш аз 25 млн. сомониро ташкил медиҳад ва мусофироне, ки тариқи ҳавопаймоҳои «Тоҷик Эйр» сафар мекунанд, бояд донанд, ки онҳо суғурта надоранд», – таъкид дошта буд роҳбари «Тоҷиксуғурта».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...