Қатъи ҳаракати нақлиёт дар яке аз кӯчаҳои Душанбе то охири сол

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи ба номи Миралӣ Маҳмадалии шаҳри Душанбе (собиқ Юлиус Фучик) то охири сол қатъ мешавад. То охири моҳи декабр дар ин кӯча корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида мешаванд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи «Азнавсозии кӯчаи М.Маҳмадалӣ аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров» аз […]

Asia-Plus

Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи ба номи Миралӣ Маҳмадалии шаҳри Душанбе (собиқ Юлиус Фучик) то охири сол қатъ мешавад. То охири моҳи декабр дар ин кӯча корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида мешаванд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи «Азнавсозии кӯчаи М.Маҳмадалӣ аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров» аз 6 феврали соли 2017 то 25 декабри соли 2017 ҳаракати нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Бо қарори худ Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори пойтахт дастур додааст, ки давоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҳаракати нақлиёт, бахусус нақлиёти ҷамъиятиро тариқи роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафати ин мавзеъ таъмин кунанд.

Ба шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва равуои мусофирон дар кӯчаҳои ҳамшафат чораҷӯйӣ намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.