Пирӯзии «Ҳосилот» дар даври аввали интихобии Ҷоми КФО

Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли гузашта – дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор баъди мусовӣ дар бозӣ бо тими «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон ба даври дигари марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 роҳ ёфт. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ҷавобии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусовӣ – 0 бар […]

Asia-Plus

Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли гузашта – дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор баъди мусовӣ дар бозӣ бо тими «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон ба даври дигари марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 роҳ ёфт.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ҷавобии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфта, аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал (1:0) «Ҳосилот» ба даври дигар роҳхат гирифт.

Дар марҳилаи дуюми интихобӣ барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳӣ «Ҳосилот» бо дастаи «Дордой»-и Бишкек қуваозмоӣ мекунад. Дастаи Қирғизистон дар даври аввал бар дастаи «Балкан»-и Турманистон (ҳисоби бозиҳо – 1:1 ва 2:1) дастболо шуд.

Бозии аввали марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми КФО-2017 миёни «Ҳосилот» ва «Дордой» 21-уми дар шаҳри Ош ва бозии ҷавобӣ санаи 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.