Варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода ба «ТАЛКО Арена» иваз мешавад

Варзишгоҳи «Металлург» дар шаҳри Турсунзодаро «ТАЛКО Арена» номгузорӣ мекунанд. Тавре аз Кумитаи иттифоқҳои касабаи «Ширкати алюминии тоҷик» хабар доданд, дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки имсол дар ҳамин варзишгоҳ доир мегардад, варзишгоҳ ба таври қобили мулоҳиза таъмиру азнавсозӣ шуда, натанҳо ном, балки симои худро низ куллан иваз хоҳад кард. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Варзишгоҳи «Металлург» дар шаҳри Турсунзодаро «ТАЛКО Арена» номгузорӣ мекунанд.

Тавре аз Кумитаи иттифоқҳои касабаи «Ширкати алюминии тоҷик» хабар доданд, дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки имсол дар ҳамин варзишгоҳ доир мегардад, варзишгоҳ ба таври қобили мулоҳиза таъмиру азнавсозӣ шуда, натанҳо ном, балки симои худро низ куллан иваз хоҳад кард.

«Тағйири низоми равщанидиҳандаи варзишгоҳ яке аз корҳои асосии азнавсозӣ буда, минбаъд он имкон хоҳад дод, ки бозии футбол ва дигар чорабиниҳо шомгоҳон низ баргузор шаванд, – гуфтанд дар кумитаи иттифоқҳои касаба. – Ғайр аз ин, дар қаламрави гирду атрофи варзишгоҳ низ корҳои ободониву сабзгардонӣ сурат гирифта, анҷоми ҳамаи корҳои таъмиру азнавсозӣ аввали моҳи март ба нақша гирифта шудааст».

Қобили зикр, ки варзишгоҳи «Металлург» соли 1998 сохта шуда, дар он ду маротиба – солҳои 2003 ва 2008 корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида шудааст. Айни замон ҷойҳои нишасти варзишгоҳ 13 ҳазору 770 нафарро ташкил медиҳад. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бозиҳои худро дар ин варзишгоҳ баргузор мекунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.