Коршинос: ҷангиёни дар Афғонистон шикастхӯрда аз Осиёи Миёна рӯҳафтодаанд

Коршиноси тоҷик оид ба масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки боқимондаҳои ҷангиёни созмонҳои террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар Афғонистон, ки асосашонро зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон ташкил медоданду қаблан аз НАТО ва нерӯҳои амнияти худи Афғонистон шикаст хӯрда буданд, комилан рӯҳафтодаанд. «Ин гурӯҳҳоро дар Афғонистон кайҳо дигар созмонҳои террористӣ, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Коршиноси тоҷик оид ба масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки боқимондаҳои ҷангиёни созмонҳои террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар Афғонистон, ки асосашонро зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон ташкил медоданду қаблан аз НАТО ва нерӯҳои амнияти худи Афғонистон шикаст хӯрда буданд, комилан рӯҳафтодаанд.

«Ин гурӯҳҳоро дар Афғонистон кайҳо дигар созмонҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ» ва ҳаракати «Толибон» аз майдон берун карданд», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Қосими Бекмуҳаммад.

Ӯ мутмаин аст, ки ҷангиёни Осиёи Миёна, ки замоне дар Афғонистон паноҳ ёфта буданд, имрӯз дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҷиддӣ саҳме надошта, дастурҳои ҷудогонаи ночизи хоҷагони нави худро иҷро мекунанд.

«Бо итминон метавон гуфт, ки ҷангиёни минтақаи Осиёи Миёна дар Афғонистон қайҳост, ки ҳамчун бозигари мустақил вуҷуд надоранд», – чунин мешуморад коршинос.

Номбурда ҳамчунин мегӯяд, ҳузури намояндагон ва гурӯҳҳои ҷудогонаи созмони «Давлати исломӣ» дар Афғонистону Покистон танҳо ба он хотир аст, ки дар сурати шикасти пурраи Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия, онҳоро барои ақибнишинӣ макони мувофиқе омода кардан лозим аст.

Маълумоти хабаргузории афғонии Tolo News дар бораи аз ҷониби писари собиқ пешвои ҲИӮ Тоҳир Юлдошев ҷалб шудани ҷавонони Афғонистн ба сафҳои «Давлати исломӣ»-ро ӯ зери шубҳа гузошта, зикр кард, ки «агар писари Тоҳир Юлдошев ҳузур дошта бошад ҳам, ӯ дар Афғонистон ҳеҷ нуфузу дастгирӣ надошта, писандида ҳам нест».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.