Пешниҳоди аз 1 август оғоз шудани соли нави хониш

Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки давраи таҳсил барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ тағйир дода шуда, оғози соли нави хониш аз 1 сентябр ба 1 август гузаронида шавад. «Дар яке аз суханрониҳо президенти мамлакат тавсия дод, ки ба ҷараёни таҳсил дар мактабҳои миёна тағйирот ворид кардан зарур аст ва […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи назди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки давраи таҳсил барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ тағйир дода шуда, оғози соли нави хониш аз 1 сентябр ба 1 август гузаронида шавад.

«Дар яке аз суханрониҳо президенти мамлакат тавсия дод, ки ба ҷараёни таҳсил дар мактабҳои миёна тағйирот ворид кардан зарур аст ва мо чунин пешниҳодро таҳия намудем, – гуфтааст директори Пажуҳишгоҳ Шарифмурод Исрофилниё. – Ин пешниҳод танҳо ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дахл дошта, айни замон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад».

Сухангӯи Вазорати маорифи ва илми ҶТ Эҳсон Хушбахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар кишварҳои саросари ҷаҳон занги аввал дар мактабҳо дар вақтҳои гуногун садо медиҳад, дар яке аз 1 августу дар дигаре аз 1 октябр ва дар баъзе кишварҳо ҳатто аз 1 январ.

«Дар ВАО доир ба норасоии соатҳо дар мактабҳо, аз ҷумла 25%-и соатҳои камбуд барои азхудкунии барномаи таълимӣ сухан рафта буд, – иброз дошт ӯ. – Ин ба музди меҳнати омӯзгорон низ дахл дорад, зеро давоми сол мо 56 рӯз таътил дошта, моҳи август муаллимон маош мегиранд, ҳарчанд дар ин моҳ талабагон таҳсил намекунанд».

Дар ҳамин ҳол, Шарифмурод Исрофилниё дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ дар мавриди ин масъала гуфтааст, барвақттар яъне дар моҳи август оғоз кардани дарсҳо имкон медиҳад, ки барномаи таълимӣ дуруст аз худ карда шавад ва ҳам талабаҳо барои омодагӣ ба имтиҳоноти донишгоҳҳои олӣ фурсати бештар дошта бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.