Ҳукумат фонди эҳтиётӣ барои хароҷоти ғайричашмдошт ташкил карданист

Ҳукумати Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ барои хароҷоти ғайричашмдошт фонди эҳтиётӣ ташкил карданист. Ба истилоҳ «болишти бехавф» аз ҳисоби воситаҳои корхонаҳои давлатӣ бо назардошти хатари имконпазири онҳо барои давлат рӯйи кор меояд. Ояндаи наздик ҷиҳати қонеъ намудани талаботи корхонаҳои давлатӣ ба маблағгузорӣ, ҳамчунин бо мақсади таъмини захираи кофӣ барои хароҷоти буҷет бунёди фонди эҳтиётӣ барои масрафоти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ барои хароҷоти ғайричашмдошт фонди эҳтиётӣ ташкил карданист. Ба истилоҳ «болишти бехавф» аз ҳисоби воситаҳои корхонаҳои давлатӣ бо назардошти хатари имконпазири онҳо барои давлат рӯйи кор меояд.

Ояндаи наздик ҷиҳати қонеъ намудани талаботи корхонаҳои давлатӣ ба маблағгузорӣ, ҳамчунин бо мақсади таъмини захираи кофӣ барои хароҷоти буҷет бунёди фонди эҳтиётӣ барои масрафоти ғайриинтизор зарур буда, воситаҳои он дар ҳолатҳои мудом аз ҷониби корхонаҳо иҷро нашудани уҳдадориҳои пардохти қарз истифода хоҳад шуд.

Дар Стратегияи идораи хатарҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ то соли 2020, ки бо фармони президент тасдиқ шудааст, дар ин робита қайд мешавад, ки Вазорати молияи ҷумҳурӣ номгӯи дороиҳои молӣ ва уҳдадориҳои марбут ба қарзҳои сеҷониба: қарздеҳи хориҷӣ – ҳукумат – корхонаи давлатӣ, ҳамчунин шартномаҳо зери кафолати давлатӣ бо корхонаҳои давлатиро омода мекунад.

Ҳамин тариқ, корхонаҳое муайян карда хоҳанд шуд, ки барои ҳукумат хавфҳои имконпазир эҷод карда метавонанд ва мутаносибан ҳаҷми воситаҳое, ки корхонаҳо бояд ба фонди эҳтиётӣ гузаронанд, ҳисобу китоб мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 890 корхонаҳои амалкунанда моликияти давлатӣ шуморида мешаванд. Ба ин шумор корхонаҳои зери моликияти ҳам мақомоти марказӣ ва ҳам маҳаллии ҳокимияи давлатӣ қарордошта шомил буда, ҳайату навъи фаъолияти корхонаҳои мазкур гуногунсоҳа мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.