Вакилон мухолифи аз 1 август оғоз шудани соли нави хониш

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони парлумон бар ин назаранд, ки дар Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар мавриди пешниҳоди аз 1 сентябр ба 1 август гузаронидани оғози соли нави хониш ба шитобкорӣ роҳ додаанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки дар ин ҳолат тамоми низоми маорифи кишвар вайрон мешавад.

«Пешниҳоде бархе аз мутахаасисони соҳаи маориф дар бораи зарурати аз 1 август оғоз кардани соли хониш баҳснок аст ва ба қабули он шитоб кардан лозим нест», – изҳор дошт номзади илмҳои педагогӣ, узви Кумитаи илму маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Нурулло Оқилов.

Ба гуфтаи ӯ, агар ин пешниҳод пазируфта шавад, пас лозим меояд, ки тамоми низоми маорифи Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, коллеҷу техникумҳо ва мактабҳои олиро тағйир додан лозим меояд, зеро ҳамаи онҳо ба оғози соли хониш аз 1 сентябр мутобиқ карда шудаанд.

Ғайр аз ин вакил бар ин назар аст, ки кори низоми маорифи Тоҷикистон бо низомҳои маорифи кишварҳои узви ИДМ, пеш аз ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия ҳамоҳанг карда шудааст.

«Агар мо соли хонишро аз 1 август оғоз кунем, ин тавозун аз байн меравад», – мегӯяд вакили парлумон.

Оқилов ҳамчунин аз омӯзгороне ҳимоят кард, ки ба андешаи Вазорати маориф, бо кӯдакон кор накарда, моҳи август маош мегиранд.

«Ҳамаи омӯзгорони Тоҷикистон маҳз моҳи август ба омодагӣ ба соли хониш шурӯъ мекунанд, вале ин маънои онро надорад, ки онҳо бидуни иҷрои коре маош мегиранд, – иброз дошт номбурда. – Ба дигар вақт гузаронидани оғози соли хониш барои муаллимон натанҳо мушкили равонӣ, балки молиявиро ҳам пеш меорад».

Ӯ хотиррасон намуд, ки муҳлати рухсатии омӯзгорон – на камтар аз 45 рӯз – мутобиқи қонунгузорӣ муқаррар шуда, агар ҳозир соли хониш аз 1 август оғоз гардад, тамоми низом вайрон мешавад, аз ҷумла дар сатҳи қонунҳои қабулшуда.

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳалим Ғаффоров низ қотеъона мухолифи ин ташаббуси Пажуҳишгоҳи рушди маориф аст.

 

«Қарори оғози соли хониш аз 1 сентябр бо назардошти таҳқиқоти олимони маъруфи равоншинос, омӯзгорон, физиологҳо ва табибони аксари кишварҳои ҷаҳон қабул шуда, мо дар як лаҳза ҳамаи инро барбод доданием», – гуфт Ғаффоров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...