Кушта шудани се қочоқчӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаҳои дидбонгоҳҳои зертобеияти Отряди сарҳадии “Панҷ”, дар асосӣ маълумотҳои оперативӣ ҳафтаи гузашта соати 20:20 ва 20:35 дақиқа ду ҳолати убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддиро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи […]

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаҳои дидбонгоҳҳои зертобеияти Отряди сарҳадии “Панҷ”, дар асосӣ маълумотҳои оперативӣ ҳафтаи гузашта соати 20:20 ва 20:35 дақиқа ду ҳолати убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддиро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, қочоқчиён  ба тарафи хизматчиёни харбӣ оташ кушоданд, ки байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Қочоқчиёни афғон ба чусту чолоки ва муқовимати сарҳадбонон ва кормандони КДАМ тоб оварда натавониста, дар натиҷа як нафар аз қочоқчиён безарар гардонида, боқимонда ба тарафи ҶИА фирор намуданд.  

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 28 кг маводи мухаддири ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АК 7.62, тирдон бо 30 адад тирҳояш ва як адад милтиқи шикорӣ, ду адад камераи резини дарёфт ва мусодира карда шуд. 

Инчунин худи ҳамон шаб соати 22:40 дар минтақаи ОС “Ҳамадонӣ” ҳангоми убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир, сарҳадбонон мувофиқи Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, вайронкунии сарҳадро пешгирӣ намуданд. Дар натиҷа байни нарядӣ сарҳадӣ ва як гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон задухурди мусаллаҳонаи шадид ба амал меояд, ки дар натиҷаи он шахсони номаълуми қочоқбарон ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон баргаштанд.

Ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқчиён, 1 адад яроқи АК 7,62 бо 2 тирдон ва тирҳояш, 27 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ҷасадҳои шахсияташон номаълум ба намояндагони сарҳадии ҶИА супорида шуд.

Ҳамин тавр хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии Панҷ якҷоя бо кормандони ВКД амалиёти муштарак оиди пешгирии интиқоли қочоқи маводи мухаддирро аз ҶИА ба ҶТ пешгири карданд.

Дар натиҷаи амалиёт задухурди мусаллаҳона ба вуқуъ меояд, Ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади номаълум, 1 адад яроқи оташфишони қутраш 12 мм ва тахминан 20 кг маводи мухаддири бангдона дарёфт ва мусодира гардид.

Нисбати ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.